Ҷумҳурии пахтагӣ Тоҷикистон?
Миёни барномаҳои марказ ва маҳал

Ҳадафи бойгоние, ки таввасути методи таърихи шифоҳӣ эҷод шудааст, ҳифзу нигаҳдории маводдар робита ба мавзӯъҳои тағиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар авохири даврониШӯравӣ ва баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Илова ба шарҳу тафсири рушдиумумии иҷтимоӣ дар даврони Шӯравӣ ва баъд аз Шӯравӣ, ҷамъоварии мусоҳибаҳо инчунинимкониятро барои «нигоҳ» ба зиндагии ҳарӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам мекунанд. То баҳол ҷаҳонбинии мардуми маҳалӣ ва механизми суннатии ҳамкориву таъомул, ҷузъи арзёбиирушди иқтисодӣ дар гӯшаву канори дурдасти Шӯравӣ қарор нагирифта буд, ва мо умедворемки маводи зеррин ҳадиақал ин холигиро то ҳудуде пур кунад.

Аз он ҷо ки пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро зиёда аз бист сол мегузарад, ниёзи фаври бароиҷамъовари ва ҳифзу нигоҳдории маълумот дар мавриди ҳамон давраи таърихӣ пеш омадааст.Махсусан ин зарурат бештар ба минтақае дар ҷануби Тоҷикистон бо номи Хатлон таълуқ дорад,ҷойе ки маркази ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 буд, бо таваҷуҳ ба он ки дар замони ҷангидохилӣ маводи муҳим ва бешумор маҳалӣ дар бойгонии минтақа дар Қурғон теппа нобудкарда шуданд.

Мусоҳибаҳои фардӣ бо шоҳидони айнӣ ҳамчун як тасвири муътабар, печидаву чандпаҳлӯ вамутаноқиз будани воқеиятҳои Тоҷикистонро нишон медиҳанд. Аз як тараф ин ривоятҳо ва ёмусоҳибаҳо фарзияи умумӣ дар хусуси идғом ва ё интегратсияи мардуми маҳалӣ ба сохторииқтисодии низоми идории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва низоми муосири колективиикишоварзиро, тақвият мебахшанд. Аз тарафи дигар мусоҳибаҳо ҳамзистии иқтисодимаъишатиро ҳамчун хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шеваҳои дигари иқтисодӣ ба таври суннатӣ ба ирсмондаро(ба ихтиёр гузоштани хадамоти корӣ байни ҳамсояҳо, тавлиди кори дастӣ, мубодилаиистеъдодҳои корӣ ва истифодаи нимакучнишинии чарогоҳҳо) возеҳ нишон медиҳанд. Иловабар ин ҷамъоварии мусоҳибаҳо маводро барои омӯзиши масъалаҳои зерин чун ҳуввиятиқавмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зиндагии ҳамарӯза дар шароити сотсиализм таъмин мекунад.

Барои маҷмуъаи маҷозӣ мо 60 мусоҳиба аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷамъовари кардем.Мусоҳибаҳо бо забонҳои мухталиф сабт шуданд. Мусоҳибаҳо аз тарафи 3 муҳақиқи тоҷик(шарикони лоиҳа) ва як муҳақиқи олмонӣ (роҳбари лоиҳа) ҷамъовари шуданд.

Мо Шуморо бо камоли майл барои истифода аз бойгонии маҷозӣ даъват мекунем. Лутфан дарсурати истифода аз маводи бойгонӣ, манбаъро нишон диҳед.


Барои интервьюҳо ва транскриптҳо дидани илтимос регистрация мекунед.




Register new account


Impressum


Humboldt-Universität zu Berlin
Philosophische Fakultät I

Institut für Geschichtswissenschaften
Lehrstuhl Geschichte Osteuropas
Lehrstuhlinhaber Prof. Dr. Jörg Baberowski
Projektbearbeiterin Beate Giehler
Unter den Linden 6, 10099 Berlin

Gestaltung: pinkpengu.in